Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салвадор Собра аз Португалия ҷоми "Евровижн"-ро бурд


Португалия дар озмуни солонаи мусиқии Евровижн, ки онро тақрибан 200 миллион нафар тамошо мекунанд, баранда шуд. Дар ин озмун, ки рӯзи 13-уми май дар шаҳри Киев, пойтахти Украина сурат гирифт, Салвадор Собра, сарояндаи португалӣ аз ҳама бештар раъй ба даст овард.

Аз замони ширкати Португалия дар озмуни Евровижн дар соли 1964 бори аввал аст, ки ин кишвар ҷоизаи ин озмунро cоҳиб мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии озмун сарояндагон аз 26 кишвар аз ҷумла Белорус, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина ширкат карданд. Овозхони Булғористон, мақоми дуввум ва Молдова мақоми саввумро ба даст овард.

Украина соли гузашта бо пирӯзӣ дар Евровижн ҳаққи мизбонии озмунро ба даст овард. Имсол ҷашнвора ба ҷанҷол олуда буд, чун Украина ба овозхони рус Юлия Самойлова иҷоза надод, ба далели консерташ дар нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ба Евровижн биёяд. Русия ҳам ба нишони эътироз озмунро намоиш надод ва ба он касеро ҳам нафиристод.

XS
SM
MD
LG