Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Истиқлол” бо “Ҳосилот” дар Фархор


Даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 8 май бо бозӣ миёни дастаҳои “Ҳосилот”-и Фархор ва “Истиқлол”-и Душанбе шуруъ шуд. Ин бозии марказии даври навбатӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо ҳузури 5 ҳазор тамошобин барпо гардид, бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ба гармии чиҳилдараҷаи ҳаво нигоҳ накарда, бозӣ шавқовару пуршиддат сурат гирифт. Дастаи “Истиқлол” ҳарчанд бартарӣ дошт, вале аз лаҳзаҳои голзанӣ истифода карда натавонист. Бозӣ бо ҳисоби 0:0ба анҷом расид.

Бозиҳои боқимондаи даври даҳуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи якшанбе, 14 май, байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Вахш» , «Барқчӣ» – ССКА «Помир» ва «Панҷшер» – «Хуҷанд» баргузор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 20 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. ССКА “Помир” бо 16 имтиёз дар зинаи дувум ва «Хуҷанд» бо 14 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 10-ум

«Ҳосилот» – «Истиқлол» – 0:0
«Ҳосилот» (Фархор):
Рустам Ризоев, Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мӯсо, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Саидалии Сафаралӣ, Шодибек Ғаффоров, Акуффо Гершон, Муҳаммадҷони Ҳасан, Наврӯз Рустамов (Баҳром Изомов, 19, Ҷонибек Муъминов, 77).
Сармураббӣ: Алиёр Ашӯрмамадов

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артём Барановский, Ромиш Ҷалилов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Аҳтам Назаров (Фарҳод Восиев, 71), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Алиев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 60), Манучеҳр Ҷалилов.
Сармураббӣ: Мӯҳсин Муҳаммадиев

Огоҳӣ гирифтанд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Сафаралӣ Каримов, Ҷонибек Муъминов («Ҳосилот»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).
Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Рустам Ризоев («Ҳосилот»).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
12 май. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

Даври 10-ум
14 май (якшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»
«Барқчӣ» – ССКА «Помир»
«Панҷшер» – «Хуҷанд»
Оғози бозиҳо – соати 16:30

XS
SM
MD
LG