Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев бозхонди даъвои зидди "Озодӣ"-ро пешниҳод кард


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Додситонии кулли кишвараш пешниҳод кард, ки даъвои зидди Бахши қирғизии Радиои Озодӣ (Азаттик Медиа)-ро бозхонд кунад.

Додситонии кулли Қирғизистон барои ҳимоят аз шарафи президент Отамбоев зидди баъзе расонаҳои алоҳида, аз ҷумла Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Алмосбек Отамбоев рӯзи 30 марти соли равон президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Томас Кентро бо дархости шахсии ӯ ба ҳузур пазируфт.

Ба огаҳии Шуъбаи сиёсати иттилооти дастгоҳи президенти Қирғизистон, пас аз ин дидор дар фаъолияти Радиои Озодӣ раванди мусбат, аз ҷумла риояи тавозуни бештар ҳангоми нашри матолиб ба назар мерасад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки чораҳои андешидашуда ба фаъол гаштани тамоми ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба бозбинии сифати кори рӯзноманигорон сабаб шуданд.

Ба назари Отамбоев, ҳамаи ин равандҳои дохилии ҷомеаи рӯзноманигорӣ фазои иттилоотии миллиро дар Қирғизистон беҳтару солимтар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG