Пайвандҳои дастрасӣ

Хеши Ислом Каримовро аз ҳабси хонагӣ дубора ба маҳбас бурданд


Дар Украина ҷияни ҳамсари президенти пешини Узбакистон Акбаралӣ Абдуллоевро, ки ахиран аз зиндон ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфта буд, дубора ба боздоштгоҳи муваққатӣ баргардонданд.

Сухангӯи додситонии Киев, пойтахти Украина, Надя Максиметс гуфт, додгоҳи баррасии шикоятҳо дархости додситониро барои нигаҳдории Абдуллоев дар маҳбас қонеъ кард. Ба гуфтаи ӯ, Абдуллоев аз толори додгоҳ ба зиндон интиқол дода шудааст.

Пештар додгоҳ ҳукми ӯро ба ҳабси хонагӣ тағйир дода, қарор буд, дар маҳаллаи "Козин"-и пойтахти Украина, ки ҳамчунин бо номҳои "Форт Росс" ва "киевская рублевка" маъруф аст, ба сар барад.

Акбаралӣ Абдуллоеви 33-сола, ки додарзодаи Татяна Каримова, ҳамсари Ислом Каримов аст, 14 январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд. Тошканд ӯро дар дуздӣ ва қаллобӣ гумонбар медонад. Аммо худи Абдуллоев мегӯяд, барои ин ҷурмаш солҳои 2013 то 2016 адои ҷазо кардааст. Вай мегӯяд, айбҳои навбатӣ ангезаи сиёсӣ доранд.

Соли 2013 Абдуллоев бо айби содир кардани ҷиноятҳои сангини иқтисодӣ бо фармони худи Каримов ҳабс шуд. Моҳи ноябри соли 2014 додгоҳ ӯро 15 сол зиндонӣ кард, аммо баъди 2 сол озод шуд ва пас аз чанд муддати даргузашти Ислом Каримов Узбакистонро тарк кард. Ӯ ҳангоми боздошт бо худ шиносномаи кишвари Доминикро дошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG