Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳамла ба метрои Петербург расман ба терроризм муттаҳам шуданд


Мақомоти Русия гуфтанд, ки се муттаҳами бомбагузории метрои Санкт-Петербург дар таърихи 3 апрелро дар заминаи даст доштани онҳо дар амали террористӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд.

Иттиҳоми Кумитаи федеролии тафтишот дар робита шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Баҳром Эргашев, Иброҳимҷон Эрматов ва Маҳадюсуф Мирзоалимов рӯзи 11 май эълон шуд. Нисбати 7 гумонбари дигар бояд рӯзҳои наздик айб эълон шавад, гуфтаанд муфаттишон.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки амали террористиро, ки 16 кушта бар ҷой гузошт, шаҳрванди 22-солаи қирғизтабори Русия Акбарҷон Ҷалилов содир кардааст. Ӯ ҳам дар вақти таркиш кушта шуд. Ҳамаи 10 гумонбарро тафтишот зодаи Осиёи Марказӣ меномаду мушаххасан дар бораи шаҳрвандии мансубияти онҳоро ба кишварҳояшон мушаххасан зикр намекунад.

Як созмони назораткунанда аз ҳодисаҳои экстремистӣ дар ИМА гуфтааст, ки масъулияти анҷоми таркишро дар Петербург як гурӯҳи ноошнои “Баталйони Имом Шамил” ба дӯш гирифтааст.

Видеоҳои охирин

"Бразилия то финал мерасад.Олмон чӣ?"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:38 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG