Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогнависи рус ба 3,5 соли зиндони шартӣ маҳкум шуд


Додгоҳе дар шаҳри Екатеринбург рӯзи 11 май блогнависи маҳаллӣ Руслан Соколовскийро ба сеюним соли зиндони шартӣ ва корҳои маҷбурӣ маҳкум кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз толори додгоҳ гуфт, ки дар муддати ин солҳо Соколовский ҳаққи ширкат дар маъракаҳои ҷамъиятиро надорад. Додгоҳ гуфт, ки блогнавис дар таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ, барангехтани эҳсоси бадбинӣ ва ҳам истифодаи ғайриқонунии дастгоҳи сабти махфии видеоӣ гунаҳкор шудааст. Бо ин вуҷуд, гуфтааст додгоҳ, маҳкумшуда метавонад мӯҳлати ҷазоро на пушти панҷара, балки дар озодӣ сипарӣ кунад. Айбдоркунанда тарафдори ба зиндон андохта шудани блогнавис буд. Худи Соколовский бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва айни замон гуфтааст, ки мавқеашро дар заминаи эътиқодмандон дигар кардааст. Руслан Соколовский сентябри соли 2016 боздошт шуд. Ӯ баъд аз нашри видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуд, ки дар он дида мешавад, ӯ дар дохили ибодатгоҳе дар шаҳри Екатеринбург бо барномаи Pokemon Go бозӣ мекунад. Баъди ин, ӯ ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Қаблан ӯ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешуд ва шикоят кард, ки фишор меоранд. Маркази ҳуқуқи башари "Мемориал" Руслан Соколовскийро як маҳбуси сиёсӣ номид.

XS
SM
MD
LG