Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои Осиё сари додситони кулли Туркманистонро "хӯрд"


Додситони кулли Туркманистон Аманмират Халлиев ва зердастонаш ба хотири он ки натавонистанд, аз сарватмандон барои бозиҳои Осиё маблағ ҷамъ оранд, аз мақом барканор шуданд. Дар ин бора Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

Вазири корҳои дохилӣ низ "танбеҳи қатъӣ" гирифтааст. Манобеи бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯянд, даҳҳо соҳибкор, ки аз пардохти маблағ саркашӣ карданд, боздошт шуда, қисми дигар аз кишвар фирор намудаанд. Ба иттилои манбаъ, дар сурате, ки дастури Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти ин кишвар барои ҷамъоварии маблағ иҷро намешавад, ӯро пайдо шудани миқдори зиёди пул аз манзили кормандони мақомоти қудратӣ ба хашм овардааст.

"Вазъ ба гунае ноумедкунанда аст, ки худи президент шахсан аз соҳибкорон хост, то барои баргузории бозиҳо маблағ диҳанд", - гуфтааст як ҳамсуҳбати радио. Ишқобод барои баргузории бозиҳои Осиё то кунун 8 миллиард доллар харҷ кардааст. Аз ин миқдор танҳо 5 миллиард дар сохтмони Шаҳраки олимпӣ ва 2,3 миллиард дар сохтмони фурудгоҳи нав сарф шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG