Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти зане дар Қурғонтеппа бо 100-доллараи қалбакӣ


Акси доллари қалбакӣ аз бойгонӣ
Акси доллари қалбакӣ аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як занеро боздошт кардааст, ки дар даст 100-доллараи қалбакӣ доштааст.

Аз ин зан ном бурда намешавад, вале дар хабари расмии ин Вазорат омадааст, ки ӯ 53 сола ва сокини шаҳри Қурғонтеппа ҳаст.

Тибқи иттилои расмӣ, ин зан “ҳангоми баровардани як адад купюраи 100-доллараи қалбакӣ дастгир карда шуд”.

-“Ташхис нишон дод, ки як адад 100-доллараи амрикоӣ таҳти №FC 26243086 А, ки аз тарафи гумонбаршуда ба муомилот бароварда шудааст, ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат намекунад”-зикр шудааст, дар хабари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ин зан 100-доллараи қалбакиро аз куҷо дастрас кардааст ва то замони ба муомилот баровардан аз қалбакӣ будани он огаҳӣ доштааст ё не, ҳоло маълум нест.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро тафтиш мекунад.

XS
SM
MD
LG