Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод омӯзгорону дояҳо дар рӯзҳои ҷашн кӯчарубӣ карданд


Мақомоти шаҳри Ишқободи Туркманистон омӯзгорони мактабҳои миёна ва кормандони кӯдакистонҳоро ба кӯчарубӣ ҷалб карданд. Расонаҳои туркманӣ менависанд, ки рӯзҳои 8 ва 9 май дар ин кишвар истироҳат эълон шудааст, аммо сарфи назар аз ин омӯзгорону дояҳо иҷборан ба кӯчарубӣ баромаданд.

Омӯзгорон гуруҳбандӣ шуда, қисме кӯчаҳоро руфта, қисми дигар дохили ҷӯйҳоро пок карданд ва боқимонда алафчинӣ намуданд. Расонаҳо менависанд, рӯбучин ва сабзазорсозии шаҳр ба баргузории бозиҳои Осиё-2017, ки 17-27 сентябр дар Ишқобод барпо хоҳад шуд, рабт дорад.

Шаҳри олимпӣ низ дар доираи омодагӣ ба баргузории бозиҳо бунёд шудааст. Ҳукумати Туркманистон дар бунёди ин шаҳрак 5 миллиард доллар сарф кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар сохтмони фурудгоҳи нави Ишқобод 2,3 миллиард доллари ИМА харҷ шуда буд.

XS
SM
MD
LG