Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳрезии куштор барои бадномии паноҳандагон дар Олмон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Олмон мегӯянд, ки боз як сарбозро бо гумони тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони сиёсатмадорон ва дар ин амал муттаҳам кардани паноҳҷӯён боздошт карданд.

Додситони федеролӣ рӯзи 9 май гуфт, ки сарбози 27-сола Максимилиан Т. бо гумони таҳияи амалҳои хушунатбор дар шаҳри Кеҳли Олмон боздошт шуд. Ин сарбоз низ дар пойгоҳи назди Страсбург, дар ҳамон ҷойе мустақар буд, ки сарбози дигари он бо иттиҳоми ҳамсон рӯзи 26 апрел дастгир гардид.

Додситон мегӯяд, инҳо барномаи сӯиқасд ба ҷони сиёсатмадорон, аз ҷумла ҳамла ба раиси ҷумҳури собиқи Олмон Йоаҳим Гаук ва вазири адлия Ҳайко Маасро пайгирӣ мекарданд, ки аз қабули муҳоҷирон пуштибонӣ мекунанд.

"Сарбози 24-сола Матиас Ф. якҷоя бо ҳамтои дигараш умедвор буданд, мардум ин кушторҳоро чун амали террористии исломиҳои тундрав қабул мекунанд, ки паноҳандагони эътирофшуда анҷом додаанд", - омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Додситонӣ мегӯяд, онҳо бо ин ҳадаф худро ҳамчун паноҳандаи Сурия сабти ном карданд.

Ин қазия, ки мақомот онҳоро "аҷибу ғариб" арзёбӣ мекунанд, нигарониро дар робита ба вуҷуди ростҳои тундрав дар миёни низомиёни Олмон ба бор овардааст. Аммо раҳбари Бундесвер Фолкер Викер гуфт, ҳеҷ аломате вуҷуд надорад, ки ин гуна ақидаҳо дар нерӯҳои низомӣ ба шакли густарда мавҷуд бошад.

XS
SM
MD
LG