Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармояи бозори Apple 800 миллиардро убур кард


iPhone-7
iPhone-7

Сармояи бозори Apple рӯзи душанбеи 8 май барои аввалин бор аз 800 миллиард доллар гузашт. Ба назари коршиносон, дар соли 2017 сармояи ин ширкат аз триллион доллар бештар хоҳад шуд.

Сармояи бозори "Роснефт", бузургтарин ширкати Русия, дар натиҷагирии соли 2017 ҳудудан 70 миллиард доллар буд. Сармояи умумии бозори 100 ширкати умдаи Русия дар соли гузашта 700 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Ширкати Apple компютер, телефони ҳушманд ва нармафзор истеҳсол мекунад. Дар баробари ин ширкат тарҳҳои навин, аз ҷумла тарҳи мошинҳои бесарнишинро сармоягузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG