Куриёи Шимолӣ рӯзи 7-уми май эълон кард, ки як шаҳрванди дигари Амрикоро бо иттиҳоми иқдом ба зидди кишвар дастгир кардааст. Ба навиштаи KCNA хабаргузории давлатими Куриёи Шимолӣ, Ким Ҳак Сонгро, ки дар Донишгоҳи Илму Технологияи Пхенян кор мекард, рӯзи 6-уми май дастгир кардаанд.
Дар хабар омадааст, ки “ниҳодҳои марбута, ҷиноятҳои ӯро мӯшикофона таҳқиқ мекунанд.” Се шаҳрванди дигари Амрико ҳоло дар асорати Куриёи Шимолӣ ҳастанд, аз ҷумла Ким Санг Док, ки моҳи апрел бо иттиҳоми “амалкардҳои душманона” дастгир шудааст.
Боздошт дар замоне сурат мегирад, ки таниш байни Амрикову Куриёи Шимолӣ бинобар барномаҳои мушакӣ ва атомии Пхенян авҷ гирифтааст.