Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян иддао кард, ки ИМА ва Сеул тарҳи қатли доҳиро кашидаанд


Раҳбари Кореяи Шимолӣ ҳангоми тамошои озмоиши мушаки навбатӣ
Раҳбари Кореяи Шимолӣ ҳангоми тамошои озмоиши мушаки навбатӣ

Матбуоти давлатии Кореяи Шимолӣ иддао кард, ки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ тарҳи сӯиқасд ба ҷони доҳии кишвар - Ким Чен Инро кашидаанд.

Дар изҳороти Вазорати амнияти давлатии ин кишвар гуфта мешавад, ки "гурӯҳи террористӣ", бо пуштибонии Идораи истихбороти Амрико ва Хадамоти махсуси Кореяи Ҷанубӣ, ба қаламрави Кореяи Шимолӣ ворид шуда ва барои ҳамла, аз ҷумла бо истифода аз маводи кимиёвӣ омодагӣ мегиранд. "Кореяи Шимолӣ террористонро ифшо ва бераҳмона нобуд хоҳад кард", - таъкид шудааст дар изҳороти Вазорати амнияти давлатӣ.

Номи Ким Чен Ин дар изҳорот зикр нашудааст, аммо сухан аз боби мақомоти олии кишвар аст ва ин истилоҳ маъмулан дар робита ба "раҳбари олӣ" истифода мешавад.

Ҳафтаҳои ахир хабаргузориҳои хориҷӣ дар бораи ташаннуҷи вазъ дар атрофи нимҷазираи Корея гузориш медиҳанд. Президенти Амрико Доналд Трамп чанде пеш қавл дод, ки масъалаи Кореяи Шимолиро ҳал ва рушди барномаҳои ҳастаии онро манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG