Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои Русия то 14 ҳазор муҳоҷири Узбакистонро ба кор мегиранд


Муҳоҷирони кории Узбакистон дар Русия
Муҳоҷирони кории Узбакистон дар Русия

Корхонаҳо ва ширкатҳои сохтмонии шаҳри Вологоди Русия ба 14 ҳазор шаҳрванди Узбакистон ҷойи кор пешниҳод кардаанд.

Сухангӯи Оҷонсии вазорати меҳнати Узбакистон дар умури муҳоҷирати хориҷӣ Карим Бахтиёр гуфт, корхонаи истеҳсоли "подшипник"-и Вологод тасмим дорад, ки ҳудуди 2 ҳазор шаҳрванди ин кишварро ба кор қабул кунад.

Ба гуфтаи ӯ, муовини сардори корхона Виктор Попов 3 май бо 200 шаҳрванди Ӯзбекистон дидор ва гуфтугӯ кардааст. Ширкати сохтмонии "Ренессанс" низ ба 12 ҳазор шаҳрванди Узбакистон ҷойи кор пешниҳод намудааст.

Карим Бахтиёр гуфт, ки соли гузашта намояндагони Вазорати меҳнати Узбакистон аз як қатор ширкату корхонаҳои Русия дидан карда, чанд қарордоди корӣ ҳам имзо карданд.

Ибтидои моҳи апрели соли равон низ дар ҳошияи сафари президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Москва 55 санад, аз ҷумла "Созишномаи ташкил ва ҷалби шаҳрвандони Ӯзбекистон барои кори муваққат ба Русия" имзо шуд.

XS
SM
MD
LG