Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп омодааст, дар музокироти фаластиниҳо бо Исроил миёнаравӣ кунад


Доналд Трамп ва Маҳмуд Аббос
Доналд Трамп ва Маҳмуд Аббос

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки омодааст дар музокироти фаластиниҳо бо исроилиҳо миёнҷигӣ кунад. Трамп роҳбари Фаластини худмухтор Маҳмуд Аббосро дар Кохи сафед ба ҳузур пазируфт.

Ҳар ду роҳбар имкони бо роҳи гуфтугӯ барқарор сохтани сулҳ дар Ховари Миёнаро баррасӣ карданд.

Аббос дар сӯҳбат бо расонаҳо дар Кохи сафед гуфт, бовар дорад, ки ҷонибҳо қодиранд, "ба сулҳи таърихӣ" даст ёбанд.

Рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ҷунбиши Ҳамос, ки навори Ғаззаро зери назорат дорад, барномаи муносибат бо Исроилро нашр кард. Дар ин санад Ҳамос даъват кардааст, ки давлати Фаластин дар марзҳои то соли 1967 ташкил шавад. Исроил аз ин тарҳ шадидан интиқод намуд.

Интизор меравад, охири моҳи май Трамп ба Исроил сафар кунад.

XS
SM
MD
LG