Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ду узви гурӯҳи кочоқбар дар додгоҳи Душанбе


Бастаҳои маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Бастаҳои маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Душанбе ду узви гурӯҳи қочоқбарро, ки дар интиқоли беш аз 200 кило маводи мухаддир муттаҳам дониста мешуданд, содир кард. Додгоҳ ҳафтаи гузашта Муҳаммад Сиддиқ, шаҳрванди Афғонистонро ба 25 ва Нуралӣ Бобоев, шарики ӯ аз Тоҷикистонро ба 20 соли зиндон маҳкум намуд.

Зимнан, додгоҳ аз мақомоти ҷустуҷӯи хоҳиш кардааст, ки шахсияти "Аҷаб валади Ҷумъахон", "Ҷовид" ва "Аҳмад", ки бар асоси нишондоди ин ду маҳкумшуда дар интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон даст доранд, мушаххас карда, ҷиҳати боздошташон чораҷӯӣ намояд.

Тавре аз додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 3 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Муҳаммад Сиддиқи 29-сола, шахси асосӣ дар ин парванда, қабл аз омадан ба Тоҷикистон визаи кишварро дарёфт карда, тариқи гузаргоҳи гумрукӣ 203 кило маводи мухаддирро ворид намуда будааст. Ӯ моҳи декабри соли 2016 ҳангоми муомила бо Нуралӣ Бобоеви 49-сола аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Муҳаммад Сиддиқ аз камтарин шаҳрвандони Афғонистон аст, ки тариқи гузаргоҳи расмӣ ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол додааст. Бештар қочоқбарони афғон бо убури ғайриқонунии марз ва бо роҳҳои пинҳонӣ ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол медиҳанд.

Тоҷикистон беш аз 1344 километр хатти марзи душворназорат бо Афғонистон дорад. Солона мақомоти Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор тонна маводи мухаддир мусодира мекунанд, ки аксаран аз ин кишвари ҳамсоя ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG