Пайвандҳои дастрасӣ

Матбуот: Ҳалокати боз як сарбози рус дар Сурия


Маросими мотами сарбози рус Александр Прохоренко. Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 3 май дар шаҳри Братски вилояти Иркутск маросими видоъ бо Богдан Дербитскии 24-сола баргузор шуд, ки дар Сурия ба ҳалокат расид. Дар чӣ шароит ва чигуна кушта шудани ин сарбоз, ки тибқи қарордод хизмат мекард, маълум нест.

Дар ҳамин рӯз дар Екатеринбург маросими ҷанозаи мушовири низомӣ Алексей Бучелников низ баргузор шуд, ки аз тири нишонгир дар Сурия ҳалок шудааст. Аз ҳалокати Бучелников рӯзи 2 май Вазорати дифои Русия хабар дод. Ӯро баъд аз марг ба ҷоизаи давлатӣ пешниҳод карданд.

Бино ба маълумоти Вазорати дифои Русия, аз оғози амалиёт дар Сурия, яъне 15 сентябри соли 2015 то кунун, дастикам 30 сарбози рус кушта шуданд. Аммо аз рӯи маълумоти хабаргузории Reuters, омори расмӣ ҳудудан чаҳор маротиба камтар аз ҳисобҳои воқеӣ аст. Мақомоти низомии Русия ин маълумотро рад мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG