Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Бритониё пеш аз муҳлат пароканда шуд


Порлумони Британия

Порлумони Бритониё шаби сешанбе ба чаҳоршанбе фаъолияти худро пеш аз интихоботи ғайринавбатии ин кишвар қатъ кард, ки қарор аст он 8 июни соли равон баргузор шавад.

Бар пояи қонунгузории Бритониё, 25 рӯз (корӣ) пеш аз интихобот ҳама гуна фаъолияти порлумон қатъ шуда, аъзои Палатаи поёнии маҷлиси ин кишвар ваколати худро аз даст медиҳанд. Барои онҳо чанд рӯз муҳлат дода мешавад, то маҳалли корашонро тарк кунанд.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй рӯзи чаҳоршанбе бо малика Елизавета II мулоқот карда, ӯро аз парокандашавии порлумон ва оғози маъракаи интихоботӣ огаҳ хоҳад кард.

Мэй 18 апрел аз порлумон хост, то дар Бритониё интихоботи ғайринавбатӣ - се сол пеш аз муҳлат эълон кунад. Бар пояи натиҷаҳои ин интихобот сарвазир Мэй - раҳбари муҳофизакорони Бритониё мехоҳад, мавқеи худро устувор кунад.

Сокинони Бритониё тобистони соли гузашта низ ба назди сандуқҳои раъйдиҳӣ рафта, хориҷшавии кишварашонро аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) ҷонибдорӣ карда буданд. Бритониё ба ҳайати ИА соли 1973 пайваста буд ва аввалин кишваре хоҳад шуд, ки онро тарк мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG