Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 24 нафар аз ҳамлаи ДИИШ дар шимоли Сурия


Шибҳанизомии курд парчами ДИИШ-ро сарнагун мекунад.
Шибҳанизомии курд парчами ДИИШ-ро сарнагун мекунад.

Дар пайи ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар наздикии урдугоҳи паноҳандагон, воқеъ дар шимолу шарқи Сурия, дастикам 24 нафар кушта шуд. Ҳодиса рӯзи 2 май рух дод.

Биноба маълумоти гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Сурия, ки вазъи кишварро назорат мекунанд, ҳамла ба деҳкадаи Раҷм-ас-Салибӣ, хати ҷабҳаи байни шибҳанизомиёни Курд ва минтақаҳои таҳти назорати ДИИШ сурат гирифт.

Эътилофи курдҳо ва арабҳо, бо пуштибонии Амрико мехоҳанд "пойтахт"-и гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" - шаҳри Раққаро ба даст биёранд. Дар тӯли соли гузашта эътилоф тавонист ҷангиёни ДИИШ-ро аз чандин минтақаи муҳими шимол берун кунад.

XS
SM
MD
LG