Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Севинч дар рӯзҳои фарҳангии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ширкат мекунад


Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон 10 май дар Театри опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ баргузор мешавад. Ин нахустин барномаи калони фарҳангӣ баъди даргузашти Ислом Каримов ва интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба мақоми президенти Узбакистон мебошад. Баъди сари кор омадани Мирзиёев Тошканд барои беҳбуди равобит бо ҳамсояҳои наздик зоҳиран талошҳое анҷом медиҳад.

Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 2 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки меҳмонони узбакистонӣ рӯзи 9 май вориди Душанбе мешаванд ва то 12 май дар барномаҳои мухталифи фарҳангӣ дар пойтахт ва ҳамчунин шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ширкат хоҳанд кард.

Ин манбаъ шумори ширкатдорони Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистонро беш аз 50 нафар арзёбӣ кард ва гуфт, ки интизор меравад, дар ин чорабинӣ як қатор ҳунармандони кишвари ҳамсоя, назири овозхон Севинч Мӯъминова, ҳунарманди мардумии Узбакистон – Ғуломҷон Ёқубов ва дигарон иштирок намоянд.

Барномаҳои муштараки консертӣ, маҳфили шеъру тарона ва намоишгоҳҳои наққошӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон доир мешавад. Масъулони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон умедворанд, ки баргузории чунин чорабинӣ дар густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои фарҳангӣ мусоидат мекунад.

Дар чанд соли ахир бори аввал аст, ки Рӯзҳои фарҳангии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG