Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз Туркия талаб кард, ки куштори Каримиёнро таҳқиқ кунад


Раҳбари GEM TV Саид Каримиён
Раҳбари GEM TV Саид Каримиён

Эрон аз Туркия талаб кард, ки қазияи куштори Саид Каримиён, шаҳрванди Эрон ва раҳбари шабакаи телевизионии Gem TV-ро таҳқиқ кунад.

Бунёдгузори Gem TV рӯзи 29 апрел ҳангоми берун шудан аз дафтари кориаш дар дохили мошинаш ҳадафи тир қарор гирифт.

Сухангӯи вазорати хориҷии Эрон Баҳром Қосимӣ дар нишасти хабарии рӯзи рӯзи 1 май дар Теҳрон гуфт, ки Туркия бояд ба Эрон бигӯяд, ки то ҳол дар заминаи таҳқиқи ин куштор чӣ маълумот ба даст овардааст.

Додгоҳи инқилоби исломии Эрон дар оғози соли ҷорӣ Саид Каримиёнро дар ғайбаш ба шаш соли зиндон маҳкум карда буд. Ҳамроҳи ӯ Фоиқа Оташин, маъруф ба Гугуш – овозхони машҳури эронӣ – низ ба 16 соли зиндон маҳкум гардид. Онҳо асосан ба фаъолиятҳои таблиғотӣ алайҳи низому амнияти миллии кишвар ва тавҳин ба бархе аз мақомҳои Эрон муттаҳам дониста шуданд.

XS
SM
MD
LG