Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Аслов дар Муҳовараи "Осиёи Марказӣ+Ҷопон" дар Ишқобод


Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 1 май дар ҷаласаи 6-уми вазирони корхои хориҷии Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Япония", ки дар Ишқобод -- пойтахти Туркманистон баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКХ-и Тоҷикистон, дар ин мулоқот вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония, дурнамои ҳамкориҳо минтақавиро баррасӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Сироҷиддин Аслов ба аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энержӣ, кишоварзӣ ва фарҳангу нақлиёт таъкид намуда ва пешниҳод кардааст, ки масъалаи мубориза бо терроризм ва пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин мусоидат ба рушди осоиштаи Афғонистон дар ин ҳамоиш баррасӣ шаванд.

Дар поёни нишасти вазирони умури хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ +Япония” баёнияи муштарак ба имзо расид ва Харитаи роҳи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика қабул карда шудааст. Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ба ҳайси кишвари раисикунанда дар давраи солҳои 2017-2018 интихоб шуд. Нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар Душанбе баргузор мешавад.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 1 май бо вазири умури хориҷии Ҷопон Фумио Кисида дидору гуфтугӯ намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Аслов ва Фумио Кисида зимни ин мулоқот вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат ва энержӣ сӯҳбат карданд.

XS
SM
MD
LG