Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Британия набояд дар қиболи Эрон аз сиёсати Амрико пайгирӣ кунад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қонунгузорони саршиноси британиягӣ мегӯянд, ки дар робита ба Ховари Миёна Британия дигар наметавонад ба раҳбарияти Амрико такя кунад ва барои побарҷо будани созиши ҳастаӣ бо Эрон бояд ҳамкории танготангро бо Иттиҳоди Аврпуо ба роҳ монад.

"Мо дигар наметавонем фарз кунем, ки Амрико оҳанги равобити Ғарб бо Ховари Миёнаро муайян мекунад"-гуфт Девид Ҳоувелл, раиси Палатаи Лордҳои Британия дар Кумитаи равобити байналмилалӣ рӯзи 2 май.

Ончӣ ба равоити Эрон ва низои Арабу Исроил рабт мегирад " маъмурияти Ийолоти Муттаҳида матавонад минтақаро бештар ноором кунад" - омадааст дар гузориш. "Раиси ҷумҳури Амрико мавқееро гирифтааст, ки ғайрисозанда аст ва низоъро бештар аз ин густариш медиҳад."

Созиши байни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, барномаҳои ҳастаии Теҳронро ба ивази лағви таҳримҳои байналмилалӣ маҳдуд мекунад.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ин созишро "бадтарин созиш" унвон кард ва маъмурияти ӯ ҳоло ин мавзӯро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки оё лағви таҳримҳо идома ёбад ё хайр.

Аз сӯи дигар, дар гузориш омадааст, ки баъди хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврпуо, рушди тиҷорат бо Эронро бояд аз бартариҳои дараҷаи аввали Британия бошад ва Лондон дар ҳамкорӣ бо ИА маҳдудияти бонкҳоро барои тиҷорат ва сармоягузороӣ дар Эрон сабуктар кунад.

XS
SM
MD
LG