Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон: ҷустуҷӯи ҷасади қурбониёни ярч идома дорад


Ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар маҳали фоҷеа

Ҷустуҷӯи ҷасади 21 шаҳрванди Қирғизистон, ки 29 апрел бар асари фаромадани ярч дар деҳаи Аюуи ҷамоати Заргари вилояти Ӯш зери хок монданд, идома дорад.

Ҷамъан ҳудуди 400 нафар, аз ҷумла 175 корманди хадамоти наҷотдиҳӣ ва тақрибан 100 сарбоз ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ дар ҳоли ҳозир ҷасадҳоро ҷустуҷӯ доранд. То ҳол ҷасади се қурбонӣ пайдо шудааст.

Шӯрои уламои Қирғизистон 30 апрел ҷаласаи изтирории худро баргузор карда, бо судури як фатво гуфт, корҳои ҷустуҷӯӣ бояд қатъ ва маҳалли ҳодиса қабристон эълон шавад. 11 узви шӯро аз ин пешниҳод якдилона ҷонибдорӣ карданд.

Вале бархе аз сокинон исрор доранд, ки ҷасади наздиконашонро бояд пайдо карда, бар пояи қоидаҳои шариат ба хок супоранд. Бисёре аз сокинон дар фоҷеи ахир ҳукуматро гунаҳкор медонанд ва мегӯянд, ки мақомот танҳо баъди ҳодиса аз пайи кӯчи мардум шуданд, дар ҳоле, ки ин корро бояд пеш тар анҷом медоданд.

Биноба маълумоти мақомоти Қирғизистон, деҳаи Аюу ба рӯйхати минтақаҳои хатарнок дохил шуда, бори охир сокинони онро 28 март огаҳ кардаанд, ки ин минтақаро тарк кунанд. Ҳатто соли 2003 барои кӯч бастани се хонавода қарзи боимтиёз ҷудо шудааст. Чаҳор хонае, ки ҳоло зери хок мондаанд, бино ба маълумоти пешакӣ, ғайриқонунӣ бунёд гаштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG