Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймобари азими Ҷопон барои кӯмак ба киштии амрикоӣ рафт


"Карл Винсон"

Дар шароити ташдиди таниш дар нимҷазираи Корея, Ҷопон киштии азимтарини ҷангии худро барои ҳамроҳии киштии ҳавопаймобари амрикоӣ сафарбар кард. Киштии чархболбари “Изумо” аз соҳилҳои Йокосука дар наздикии Токио рӯзи 1 май ҳаракат карда қарор аст дар давоми рӯз ба киштии низомии амрикоӣ дар Ҷануби Токио дар обҳоии уқёнуси Ором ҳамроҳ шавад. Қарор аст киштии амрикоӣ дар таъмини захираҳои сӯхти ҳавопаймоҳои дигари ҷангии амрикоӣ, аз ҷумла, киштиҳои ҳамлагари “Карл Винсон”, ки ҳоло дар минтақа қарор дорад, истифода шавад. Баъди он ки қонунҳои Ҷопон тавсеаи амалиёти низомии ин кишварро иҷозат дод, ин аввалин чунин амалиёти низомиаш хоҳад буд. Кореяи Шимолӣ таҳдид кардааст, ки “Карл Винсон” ва як киштии зериобии амрикоиро нобуд мекунад. Ин таҳдид дар пасманзари афзоиши танишҳои миёни Пхенян ва Вашингтон садо дод. Алорағми ҳушдорҳои чандинбораи Амрико барои хатми фаъолиятҳои ҳастиву мушакӣ дар минтақа, Пхенян рӯзи 30 апрел як озмоиши номуваффақи мушакиро анҷом дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG