Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов дар аспдавонӣ пирӯз шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон рӯзи шанбеи 28 апрел дар мусобиқаи аспдавонӣ бахшида ба Рӯзи аспи туркманӣ пирӯз шуд ва ҷоиза - калиди мошинро ба саисон ё асппарварон бахшид. Дар ин мусобиқа ба ҷуз аз президент шаш савораи касбӣ - якнафарӣ аз панҷ вилоят ва шаҳри Ишқобод ширкат карданд.

Бердимуҳаммадов дар мусобиқа бо аспи сиёҳмушкини Меросӣ ширкат кард. Ин аспро набераи президент Каримгулӣ Бердимуҳаммадов тарбият кардааст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба маҳзи дарёфти ҷоиза, калиди мошинро ба асппарварон бахшид. Рӯзи аспи туркманӣ - ахалтека ҳамасола якшанбеи охири моҳи апрел таҷлил мешавад

XS
SM
MD
LG