Пайвандҳои дастрасӣ

1 май дар Тоҷикистон ид ва истироҳат нест


Ҷашни байналмилалии ҳамраъйии коргарон, ки 92 сол инҷониб дар Тоҷикистон ҳам таҷлил мешуд ва рӯзи истироҳат ба шумор мерафт, имсол аз қатори рӯзҳои таътили тақвим хат зада шудааст. Тасмими ҳазфи ҷашни 1 май аз феҳристи рӯзҳои истироҳат дар як ҷаласаи порлумони Тоҷикистон дар охири соли гузашта гирифта шуд.

Дар гузашта даҳҳо корхонаву фабрика кор мекард. Мардум дар кишвар ҷои кор дошт ва иттифоқи касаба ҳам фаъол буд. Аммо ҳоло ҳама дар муҳоҷиратанд ва касе дар бораи ҳаққи онҳо гап намезанад. Пас, зарурати ин рӯз чӣ ҳаст?

Дар ин ҷаласаи порлумон масъалаи зарур будан ё набудани ҷашн баҳс нашуд ва танҳо бо як изҳороти раиси маҷлис Шукурҷон Зуҳуров тасмим шуд, ки ҳаққи истироҳат дар ин рӯз лағв гардад. Он замон масъулони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки аз мудофеони ҳуқуқи коргарон дар кишвар мебошанд, низ ба тасмими порлумони кишвар норизоиятӣ накарданд.

Сокинон чӣ мегӯянд?

Дар Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рӯзи 30 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳарчанд ин рӯз дигар истироҳат нест, аммо дар қатори рӯзҳои ид боқӣ монда, дар кишвар таҷлил мешавад. Абдурозиқ Ризоев – мудири шуъбаи ташкилии Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон – гуфт, чун рӯзи 1 май дигар дар Тоҷикистон таътил нест, онҳо тасмим гирифтанд, ки ин ҷашнро дар рӯзи якшанбе, яъне рӯзи истироҳат, таҷлил кунанд.

Ӯ гуфт, “мо тасмим гирифтем, ки ҳамроҳи намояндагони ансамбли “Наврӯз”-и Донишгоҳии миллии Тоҷикистон ва ансамбли “Ҷаҳоноро”-и Вазорати фарҳанг ба маҳалли сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун рафта, бо шароити кору зиндагии коргарон ошно шавем.”

Рӯзи 1 май дар давоми 70 соли ҳукумати Шӯравӣ аз муҳимтарин идҳои мардуми Тоҷикистон буд. Иде, ки солҳои 1850-ум баъд аз шурӯи муборизаҳои синфи коргар барои рӯзи кории 8-соатӣ дар Ғарбу Аврупо арзи ҳастӣ кард ва ба як баҳонаи дигари сиёсии зидди ҳукумати подшоҳӣ табдил шуд.

Субҳиддин, як сокини Душанбе гуфт, дар шароити кунунӣ аз будану набудани ин ид манфиате барои мардуми одӣ нест. Ӯ гуфт, “дар гузашта даҳҳо корхонаву фабрика ва завод кор мекарданд. Мардум дар кишвар ҷои кор дошт ва иттифоқи касаба ҳам фаъол буд. Ин рӯз як маъно дошт. Аммо ҳоло ҳама дар муҳоҷиратанд ва касе дар бораи ҳаққи онҳо гап намезанад. Пас, зарурати ин рӯз чӣ ҳаст?”

Ҷашни якуми май то имрӯз дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Русия ва Қазоқистон ҳамчун иди коргар таҷлил мешавад ва дар ин рӯз сокинон расман истироҳат мекунанд.

Бархе дигар аз сокинон мегӯянд, ки ин рӯз солҳои тӯлонӣ дар кишвар таҷлил шуда ва дар хотираи як гуруҳ нақш бастааст ва набояд аз байн мерафт. Ин гуруҳ чунин тасмимро як навъи шӯрависитезӣ ном мебаранд ва мегӯянд, дар қиёс бо тамоми идҳои милливу байналмилалӣ, 1 май як гуна хусусиятҳои хос ба замони ҷаҳонишавӣ ва ширкати меҳнаткашони Тоҷикистон дар равандҳои ҷаҳониро дорад.

Рӯзи 1 май дар замони Шӯравии пешин бо баргузории “парад” ё раҳпаймоиҳои осоишта дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар доир мешуд. Сокинон зимни ширкат дар раҳпаймоӣ ҳамраъйии худро барои ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳои тамоми меҳнаткашони дунё баён мекарданд.

Ҷашни якуми май то имрӯз дар бархе дигар аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон, Ҷумҳурии Чех ва кишварҳои дигар ҳамчун иди коргар таҷлил мешавад ва дар ин рӯз сокинон расман истироҳат мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG