Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Э.Раҳмон дар робита ба марги 24 нафар дар Қирғизистон


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳалокати 24 нафар дар зери ярч дар як рустои вилояти Ӯшро ба раҳбарияту мардуми Қирғизистон таслият гуфтааст. Номаи ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 апрел, як рӯз баъди ҳодиса фиристода шуд. Ӯ гуфтааст, “дар Тоҷикистон хабари фаромадани ярч дар вилояти Ӯши Қирғизистони дӯстро, ки боис ба талафоти одамон гашт, бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтанд.” Оқои Раҳмон аз ҳамтои қирғизистониаш хостааст, ки таслияти раҳбарияту мардуми Тоҷикистонро ба хонаводаи ҳалокшудаҳо бирасонад. Рӯзи 29 апрел дар натиҷаи канда шудани як теппаи хок ба болои ҳафт манзил дар ҷамоати Заргари ноҳияи Узгени вилояти Ӯш 24 узви шаш хонавода, аз ҷумла кӯдакон, ҷон бохтанд. То ин лаҳза ягон ҷасад берун оварда нашудааст. Рӯзи 30 апрел дар Қирғизистон рӯзи мотами миллист.

Тафсилоти ҳодисаро бо аксу видео дар инҷо бинед

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG