Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Флинн бо гирифтани пул аз Русия эҳтимолан қонунро нақз кард"


Майкл Флинн
Майкл Флинн

Майкл Флинн, собиқ мушовири амниятии Кохи Сафед, соли 2015 барои сафараш ба Русия иҷозат надошт аз ҷониби Русия пул бигирад ва бо ин эҳтимолан қонунро нақз кард. Дар ин бора раҳбарони кумитаи Палатаи намояндагони Амрико рӯзи 25 апрел изҳорот додаанд.

Генерали мустаъфӣ Флинн, собиқ мушовири аршади Доналд Трамп, дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ, дар маросиме, ки харҷи онро телевизиони давлатии Русия пардохта буд, иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин ҷамъомад ӯ дар паҳлӯи Путин нишаста буд. Харҷи ин сафар 33 ҳазор доллар ҳисоб шудааст. Тавре раҳбари кумитаи Палатаи намояндагони Конгресс Ҷейсон Шаффетс гуфт, генерал барои гирифтани маблағ аз як давлати хориҷӣ бояд иҷозат мегирифт, аммо ӯ ин корро накард.

Ба гуфтаи Шаффетс, афсари собиқ ҳақ надорад аз давлати хориҷӣ пул бигирад, ин гуна иқдом паёмад дорад ва пул бояд баргардонида шавад.

13 феврали соли равон ба думболи ошкор шудани маълумоте, ки Флинн то интихоби Трамп ба мақоми раёсати ҷуҳмур масъалаи таҳримҳои ИМА алайҳи Маскавро бо сафири ин кишвар баррасӣ кардааст, маҷбур шуд ба истеъфо равад.

XS
SM
MD
LG