Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрвандони Туркманистон барои пули нақд ба Истамбул мераванд


Дар кӯчаҳои Истамбули Туркия вақтҳои охир шумори зиёди шаҳрвандони Туркманистонро дидан мумкин аст, ки пушти бонкоматҳо барои нақд кардани маблағи кортҳояшон навбат истодаанд. Расман манъ шудани табодули асъор дар Туркманистон, инчунин маҳдуд гардидани дарёфти пули нақд дар бонкҳои ин кишвар, боис шуд, ки шаҳрвандон Туркманистон барои нақд кардани пулҳои бонкиашон роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ кунанд.

"Аз ҳамин хотир вақтҳои охир шумори зиёди шаҳрвандони Туркманистон ба Истамбул омада, талош мекунанд, ки пулҳояшонро нақд гардонанд. Шаҳрвандоне, ки бевосита ба хориҷ баромада наметавонанд, аз дигарон хоҳиш мекунанд, то маблағи дар кортбударо нақд карда биоранд. Дар натиҷа соҳиби маблағ 10 дарсади маблағашро аз даст медиҳад", - мегӯяд як ҳамсуҳбати Бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Миёни Туркманистон ва Туркия равуои бевиза ҷорист. Ба ин далел, ин самт барои шаҳрвандони Туркманистон дастрастар аст.

Мақомоти Туркманистон назорат бар болои суратҳисобҳои бонкии шаҳрвандони ин кишварро пурзур мекунанд. Охири моҳи марти соли ҷорӣ бонкҳои Туркманистон пардохти ғайринақдии онлайниро бо кортҳои пластикии байналхалқӣ қатъ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG