Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади интихоботи Фаронса мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифт


Марин Ле Пен ва Эммануэл Макрон - номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Фаронса.
Марин Ле Пен ва Эммануэл Макрон - номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Фаронса.

Эммануэл Макрон, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Фаронса, мавриди ҳамлаи ҳакерӣ қарор гирифт. Шабакаи телевизионии CNN рӯзи 25 апрел хабар дод, ки Trend Micro - як ширкати амнияти киберӣ, мақари он дар Токио, чаҳор домени тақаллубии бисёр монанд ба доменҳои маъракаи интихоботии Макронро ошкор кард. Ҳоло мутахассисони Trend Micro муайян мекунанд, ки оё нафаре аз ситоди Эммануэл Макрон ба дом афтодааст, ё хайр.

Маъмури ситоди Макрон дар умури фанновариҳои диҷиталӣ Мунир Маҳҷубӣ ҳамлаҳои кибериро тасдиқ кард, аммо гуфт, ки онҳо муваффақ набуданд.

Моҳи феврали соли 2017 аз ҳамлаи рахнагарони рус ба сомонаи пешазинтихоботии Эммануэл Макрон ва нашри ахбори ҷаълӣ дар матбуоти Русия оиди ҳизби "Ба пеш", ки Макронро номзад пешбарӣ карда буд, гузориш пахш шуд.

Сиёсатмадори марказгаро Эммануэл Макрон рӯзи 23 апрел, дар даври аввали интихоботи раёсати ҷуҳмур, бо се дар сад райъи бештар аз номзади ифротӣ Марин Ле Пен пирӯз шуд.

XS
SM
MD
LG