Пайвандҳои дастрасӣ

Наздикони Айилӣ аз Тоҷикистон хостанд, ки ӯро ба Чин надиҳад


Пайвандони як шаҳрванди боздоштшудаи Чин аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро ба ватанаш истирдод накунанд, чун дар онҷо ҳукми қатл интизораш аст. Ин шаҳрванди Чин дар оғози моҳи апрели имсол бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар Душанбе боздошт шуда, феълан тафтиши қазияаш идома дорад.

Пурсарусадотарин ҳодисаи истирдод аз Чин ба Тоҷикистон, ин интиқоли Давлатбек Ашӯров, мулаққаб ба Димон буд, ки моҳи августи соли 2012 замони амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, баъдан ба иттилои мақомот, ба Чин фирор карда буд.

Як манбаи огоҳ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 24 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин дархости наздикони Айили Абулизӣ, шаҳрванди уйғуртабори Чин, тавассути вакили дифоаш ба онҳо дастрас шудааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ин шаҳрванди боздоштшудаи Чин дар ватанаш низ бо айни иттиҳом, яъне қочоқи маводи мухаддир, дар ҷустуҷӯ қарор доштааст.

"Ҳоло мақомоти Чин интизори содир шудани ҳукми ӯ дар Тоҷикистон ҳастанд, то барои истирдодаш дархост фиристанд", - афзуд ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тафтишҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки Айили Абулизӣ шаҳрванди Чин бештар дар Қирғизистон тиҷорат дошта, зоҳиран як шабакаи интиқоли маводи мухаддир ба Чинро бар ӯҳда доштааст. Вай дар ҳоле аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст, ки дар роҳ ба сӯи Қирғизистон қарор дошт. Дар бозпурсиҳои аввалия худи ӯ низ иқрор кардааст, ки мехост ин маводи мухаддирро ба Чин интиқол диҳад.

Як манбаи огоҳ аз парванда гуфт, аз ин шаҳрванди Чин ва ҳамроҳаш Шарифҷон Аҳмадов, сокини Қирғизистон, тақрибан 9 кило маводи мухаддири навъи афюн гирифта шуда, нисбаташон бар асоси моддаи 200, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “нашъаҷаллобӣ” парванда боз гардидааст. Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Акси Ҳасан Юсуфов
Акси Ҳасан Юсуфов

Наздикони Айилӣ гуфтаанд, барои қочоқи маводи мухаддир дар Чин ҳукми қатл медиҳанд ва беҳтар аст, ки ӯ дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шавад ва муҳлати ҷазояшро дар ҳамин ҷо адо кунад. Чин соли гузашта Ҳасан Юсуфов, як шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми интиқоли маводи мухаддир қатл кард. Ҳасан Юсуфов, ки ба соҳибкорӣ ва воридоти мол аз Чин машғул буд, ҳанӯз шаш соли пеш дар Урумчӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир ва баъдан аз сӯи додгоҳи Чин ба қатл маҳкум шуд.

Порлумони Тоҷикистон соли 2015 созишномаи истирдод миёни Душанбеву Пекинро тасвиб кард ва мақомот гуфта буданд, ки ин қарордод аз фирори ҷинояткорон пешгирӣ мекунад. Пурсарусадотарин ҳодисаи истирдод аз Чин ба Тоҷикистон, ин интиқоли Давлатбек Ашӯров, мулаққаб ба Димон буд, ки моҳи августи соли 2012 замони амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, баъдан ба иттилои мақомот, ба Чин фирор карда буд. Аммо аз бемористоне дар Чин дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Димон Ашӯров дар бемористон. Акс аз бойгонӣ
Димон Ашӯров дар бемористон. Акс аз бойгонӣ

Ҳарчанд баъдан мақомот гуфтанд, истирдоди ӯ ба Душанбе қонунӣ ва бар пояи тавофуқоти ду кишвар сурат гирифтааст, аммо бархе аз коршиносон ва аҳзоби мухолиф таслими Димонро аз Чин дар ҳолати беморӣ, нақзи ҳуқуқи башар арзёбӣ карда буданд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки 16 шаҳрванди кишвар дар зиндонҳои Чин ва 3 шаҳрванди Чин дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG