Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Лугански Украина, ки ҳоло аз идораи Киев хориҷ аст, субҳи якшанбеи 23 апрел як нозири Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба ҳалокат расида, ҳамкоронаш захмӣ шудаанд.

Дар ин бора намояндаи маъмурияти вижаи САҲА дар Украина 23 апрел дар "Фейсбук" хабар дод. САҲА низ гуфт, бо нозирони маъмурияти ӯ, ки бо ду мошини зиреҳпӯш дар наздикии минтақаи аҳолинишини Пришиби Луганск давр мезаданд, ҳодисаи нохуш рух дод. "Дар натиҷа як нозир ҷон бохта, ду тани дигар барои расонидани ёрии тиббӣ ба беморхона интиқол дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи САҲА.

Бино ба хабари расонаҳо, намояндагони ҷумҳурии худхондаи Луганск гуфтаанд, ки нозири ба ҳалокат расида шаҳрванди Амрико аст. Вале ин хабар расман тасдиқ нашудааст. Деҳаи Пришиб, ки дар он ҳодисаи мазкур рух дод, бо минтақаҳои ишғолӣ ҳаммарз буда, се минтақаи аҳолинишин -- Соколники, Славяносербск (минтақаҳои ишғолии Луганск) ва Трёхизбенка (минтақаи зери идораи нерӯҳои ҳукумати Украина"-ро ба ҳам мепайвандад.

Видеоҳои охирин

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG