Пайвандҳои дастрасӣ

Як сарбози 21-солаи Русия дар шаҳри Гюмрӣ, шимоли Арманистон, бо зарби корд кушта шудааст. Дар пойгоҳи Русия дар Гюмрӣ ҳудуди се ҳазор сарбоз мустақаранд. Ҷасади сарбози русро рӯзи 22 апрел дар наздикии як дукон пайдо кардаанд ва пулис мегӯяд, ки пайи корд дар тарафи гарданаш дида шудааст. Додситонии кулли Арманистон гуфт, ҳоло як сокини бистсоларо ба гумони қатли ин сарбоз боздошт кардаанд. Ин ҳодиса баъд аз ду соли қатли ҳафт узви як хонавода аз сӯи сарбози рус Валерий Пермяков дар Гюмрии Арманистон иттифоқ афтод. Пермяков дар аввали соли 2015 дар шаҳри Гюмрӣ аъзои як хонаводаро ба қатл расонда ва ҳангоми фирор ба Туркия боздошт шуд. Додгоҳи Арманистон соли гузашта ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG