Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Подшоҳи Арабистони Саудӣ писарашро сафир дар Амрико таъин кард


Шоҳзода Холид бин Салмон бин Абдулазиз – писари подшоҳи Арабистони Саудӣ – сафири нави ин кишвар дар Амрико, яке аз муттаҳидони аслии Риёз, таъин шудааст. Дар ин бора рӯзи 22 апрел хабаргузории давлатии Арабистони Саудӣ иттилоъ дод. Шоҳзода Холид дар мақоми намояндаи расмии Саудӣ дар Вашингтон шоҳзода Абдуллоҳ бин Файсал бин Туркиро иваз кард. Ин писари подшоҳи Арабистони Саудӣ халабони ҳавопаймои "F-15" аст ва дар ин ришта дар Амрико омӯзиш дидааст. Вай дар амалиёти ҳавоӣ алайҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар Сурия иштирок карда буд. Шоҳзода Абдулазиз бин Салмон, писари дигари подшоҳи Арабистони Саудӣ, вазири энержӣ таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG