Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду нафар барои ҳамла ба Стив Свердлов


Стив Свердлов
Стив Свердлов

Ба гумони ҳамла ба Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказии созмони “Ҳюман Райтс Вотч”, дар пойтахти Қирғизистон ду нафар боздошт шудаанд. Нафари севум таҳти ҷустуҷӯст. Мақомоти пулиси шаҳри Бишекк рӯзи 22 апрел аз ин афрод ном набурда, танҳо гуфтанд, ки боздоштшудаҳо нуздаҳсолаанд. Алайҳи онҳо бар асоси моддаи “дуздӣ” парванда боз шудааст. Ба иттилои пулис, ин ҳодиса шаби гузашта дар наздикии манзили Свердлов рух додааст. Қаблан хабар дода шуд, ки се нафар дар кӯчаи Абдураҳмонови шаҳри Бишкек ба Стив Свердлов ҳамла карда, ба сару рӯяш задаанд ва корти бонкиву шиносномаашро бо худ бурдаанд. Мақомот мегӯянд, ки корту шиносномаи Свердловро субҳ пайдо карданд. Стив Свердлов, шаҳрванди Амрико, яке аз коршиносони маъруф дар масъалаи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Вай дар гузашта чандин бор аз вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар интиқод карда, ба озодии вакилони дифои зиндонӣ, ба мисли Шӯҳрат Қудратову Бузургмеҳр Ёров даъват карда буд. Ӯ бар ин бовар аст, ки парвандаи ин афрод ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG