Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорони узбакро барои харҷи "беҳуда" барканор мекунанд


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон, раҳбарони як қатор корхона ва муассисаҳои кишварро барои хариди беасоси молҳои воридотӣ бо арзи хориҷӣ интиқод кардааст.

Президенти Узбакистон гуфт, як қатор муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ бе сабаб аз хориҷ моле ворид мекунанд, ки дар худи кишвар низ истеҳсол мешавад. Мирзиёев гуфт, ин амали онҳо ба истифодаи нодурусти маблағҳое сабаб мешавад, ки имкон дорад, бо он ҳаҷми истеҳсолоти дохилиро афзоиш ва ҷойҳои нави корӣ таъсис дод.

Раҳбарони корхонаву муасисаҳои мазкурро огаҳ кардаанд, то молу маҳсулотеро, ки дар дохили Узбакистон истеҳсол мешаванд, аз хориҷ харидорӣ накунанд. Дар сурати ғайр, мақомҳои худро аз даст хоҳанд дод.

Дар Узбакистон истеҳсоли зиёда аз 4,8 ҳазор навъи маҳсулот роҳандозӣ гаштааст, ки пештар аз хориҷ оварда мешуданд. Ин дар панҷ соли охир воридотро 752 миллион доллар коҳиш дод.

XS
SM
MD
LG