Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба тими "Боруссия"-ро шаҳрванди Русия анҷом дод


Автобуси "Боруссия" баъди ҳамла

Пулиси Олмон дар заминаи ҳамла ба автобуси тими футболи "Боруссия" дар Дортмунд, як шаҳрванди Русияро боздошт кард. Дар ин бора нашрияи Bilt рӯзи 21 апрел бо такя ба изҳороти додситонӣ гузориш дод.

Ба ин муассиса нафаре бо номи Сергей барнома дошт, ки ҳамла ба бозигарони футбол, қиммати саҳмияҳои "Боруссия"-ро поён мебарад. Ба гуфтаи манбаҳои Bilt, гумонбар эҳтимолан маводи таркандаро аз фосила, аз меҳмонхонае ба кор андохт, ки бозигарон дар он ҷойгир буданд.

Шоми 11 апрел се бомбаи худсохти пур аз оҳанпора дар назди автобуси тими "Боруссия" мунфаҷир шуд ва ҳимоягари тим, бозигари испанӣ Марк Бартраро маҷрӯҳ кард.

Рӯзи дигар пулис аз боздошти гумонбари ҳамла хабар дод, ки гӯё бо исломиҳо робита дошт. Гумонбар дар ҷойи таркиш гӯё дар коғазе пайғом гузошт, ки ин амалро "ба номи Оллоҳ ва барои он ки ҳавопаймоҳои Олмон мусалмонҳои Сурияро мекушанд" анҷом додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG