Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри векселҳо барои сохтмони нирӯгоҳи "Роғун"


Мақомоти Тоҷикистон дар изҳороти тоза гуфтанд, ки пулҳои ба дастомада аз фурӯши векселҳои давлатӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" равона хоҳад шуд. Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ин маблағҳо дар маҷмуъ барои рушди энержӣ дар кишвар сарф мешавад. Ҷамшеди Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молия, рӯзи 21 апрел дар порлумон гуфт, бар асоси қарори ҳукумат онҳо муваззаф шуданд, ки ба маблағи 530 миллион сомонӣ векселҳои давлатиро нашр кунанд.

Ба қавли ӯ, ин векселҳо бо баҳраи солонаи 2 дар сад ва муҳлати гардишашон 5 сол нашр мешаванд.

Ҷузъиёти нашри векселҳо дар инҷост

Моҳи декабри соли гузашта ҳукумат бо судури як қарор ва нашри векселҳо бар ивази амволи чор бонк – "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк", ба онҳо 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда буд. Аммо дар ин муддат ду бонк -- "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" комилан касод ва муҷаввизашон аз сӯи Бонки Миллӣ бозхонд шуда, дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд. Бинобар ин, бо қарори навбатӣ ҳукумат маблағи кумак ба бонкҳоро ба қадри 530 миллион кам карда, дар сатҳи 3 миллиарду 320 миллион қарор дод.

Давлати Тоҷикистон дар гузашта барои нерӯгоҳи Роғун маъракаи фурӯши саҳмияҳоро роҳандозӣ карда буд. Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Соли 2013 вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин маблағҳо аз ҳисоби баҳра ё сарбахш 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд ва гуфта мешуд, ин фоида моли саҳҳомони Роғун аст.

Аммо векселҳои давлатӣ ба фарқ аз саҳмияҳо новобаста ба даромаднокии ширкат ва ё нерӯгоҳ, барои моликонашон суд меорад, чунки давлат даромаднокии онро кафолат медиҳад.

XS
SM
MD
LG