Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, ки Амрико бояд аҳди худро иҷро кунад


Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Твиттер ба Рекс Тиллерсон ҷавоб дод.
Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Твиттер ба Рекс Тиллерсон ҷавоб дод.

Ҳукумати Эрон гуфт, Амрико ба ҷойи “тӯҳмат” дар ҳаққи Эрон бояд бар тибқи тааҳудоташ дар чаҳорчӯби тавофуқи атомии соли 2015 амал кунад. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи 20-уми апрел дар Твиттер навишт, “иттиҳомоти бепояи Амрико наметавонад, эътирофи он кишвар ба иҷрои тааҳудоти тавофуқ таввасути Эронро пӯшонад.”

Вазири умури хориҷии Эрон дар ин бора баъд аз он навишт, ки Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико тавофуқи атомӣ бо Эронро сахт танқид кард. Бар асоси ин тавофуқ Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эронро бардоштанд.

Рекс Тиллерсон рӯзи 19-уми апрел гуфт, тавофуқ ба ҳадафаш, ки “Эрони ғайриатомист” нарасид ва ба “иғвоҳои нигаронкунандаи идомадор”-и Эрон дар Ховари Миёна расидагӣ намекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Доналд Трамп дар тӯли 90 рӯзи оянда баррасӣ мекунад, ки то куҷо рафтори Эрон барои манофеи Амрико дар минтақа хатар эҷод мекунад.

Аввали ҳамин ҳафта вазорати умури хориҷии Амрико дар номае ба унвони раиси Маҷлиси намояндагон таъйид кард, ки Эрон талаботи тавофуқи атомиро иҷро кардааст. Эрон ҳаргуна иддао дар бораи кӯшиш барои сохтани бомби атомиро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG