Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса аз вуқӯи амали террористӣ дар рӯзи интихобот пешгирӣ кард


Акс аз бойгонӣ - Ходими пулиси Фаронса ба толори додгоҳи Марсел ворид мешавад. Моҳи июни соли 2016
Акс аз бойгонӣ - Ходими пулиси Фаронса ба толори додгоҳи Марсел ворид мешавад. Моҳи июни соли 2016

Фаронса мегӯяд, ду мардеро боздошт кард, ки мехостанд як амали "ногузири хушунтабор"-ро дар остонаи интихоботи президентӣ анҷом диҳанд. Вазири умури дохилии Фаронса Матиас Фекл рӯзи 18 апрел гуфт, "ин ду марди тундрав солҳои 1987, 1993 ба дунё омадаанд ва миллаташон фарсонсавӣ аст. Онҳо дар шаҳри бандарии Марсел боздошт шуданд."

Ба гуфтаи Фекл, амнияти ҳавзаҳои интихоботӣ ва номзадҳо тақвият дода шуд.

Даври аввали раъйдиҳӣ ба 23 апрел барномарезӣ шудааст. Аз 11 номзад ду нафар барои иштирок дар даври дуввуми интихобот, яъне рӯзи 7 май шанси бештар доранд.

Раҳбари ростгароҳо Марин Ле Пен ва номзади марказгаро Эмануэл Макрон дар назарсанҷиҳои пеш аз интихобот пешсафанд. Аммо номзади муҳофизакор - Франсуа Филлон ва Жан Лук Меланшони чапгаро низ аз шанси ворид шудан ба марҳилаи ниҳоӣ бархӯрдоранд.

Сеяки овоздҳандагони Фаронса ҳоло тасмим нагирифтаанд, ки ба кадом номзад раъй медиҳанд.

XS
SM
MD
LG