Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов: Туркманистонро аз тамоку пок мекунем


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон 17 апрел Барномаи миллии мубориза бо тамокуро барои солҳои 2017-2021 тасдиқ кард. Ин барнома "бо ҳадафи тарғиби ҳаёти солим, беҳсозии вазъи сиҳатӣ ва густариши давомнокии ҳаёти инсон" эҷод шудааст. Барномаи мазкур ҳамчунин Туркманистонро то соли 2025 бояд ба "кишвари бидуни тамоку" бирасонад.

Амалисозии барнома ба зиммаи идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ вогузор шуд.

Туркманистон сар аз соли 2011 бо тамоку мубориза мебарад. Он замон аксиз аз тамоку якбора боло рафт. Ду сол баъди ин тасмим мақомот сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карданд ва аз мардум хостанд, ки аз сигор ва носкашӣ парҳез намоянд.

Баъди иқдомҳои мазкур, дар мағозаҳо ва бозорҳои Туркманистон носу сигор якбора камёфт шуд ва қимати он то 13 доллар барои як қуттӣ боло рафт. Хадамоти ҳифзи бехатарии ҷомеаи солим ҳар чанд гоҳ дар бозорҳои Ишқобод рейдҳои "зидди тамоку" баргузор мекунад. Онҳое, ки ҳангоми сигорфурӯшӣ ба даст меафтанд, то 1600 доллар ҷарима мешаванд.

Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, дандонпизишки пешин, аз чанд сол аст, ки миёни мардум тарзи ҳаёти солимро тарғиб мекунад. Шабакаҳои маҳаллӣ бештари вақт ӯро дар ҳолати машғул будан бо варзиш нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG