Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши мушаки Куриёи Шимолӣ қабл аз партоб


Куриёи Шимолӣ рӯзи 15-уми апрел дар паради низомӣ мушакҳои бузургеро намоиш дод.
Куриёи Шимолӣ рӯзи 15-уми апрел дар паради низомӣ мушакҳои бузургеро намоиш дод.

Артиши Амрико мегӯяд, як талоши Куриёи Шимолӣ барои партоби мушак дар субҳи 16-уми апрел ноком шудааст ва худи мушак пеш аз партоб “таркидааст”.

Артиши Амрико, ки дар Куриёи Ҷанубӣ сарбоз дорад, гуфт, талоши ноком барои партоби мушак чанд соат пеш аз сафари барномарезишудаи Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико ба Сеул сурат гирифтааст. Ситоди фармондеҳии нерӯҳои Амрико дар Уқёнусия гуфт, ки артиши Амрико ба аҳдаш “барои ҳамкории наздик бо муттафиқони мо дар Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон барои таъмини амният” содиқ аст.

Пеш аз баёнияи нерӯҳои амрикоӣ, мақомоти Куриёи Ҷанубӣ ҳам гуфтанд, ки Куриёи Шимолӣ хостааст, як мушаки навъи номаълумро аз минтақаи Синпо дар вилояти Ҳамкйонги ҷанубӣ партоб кунад, вале натавонистааст.

Талош барои партоби мушак дар ҳолест, ки нигарониҳо аз эҳтимоли озмоиши нави атомӣ ва ё мушаки дурпарвоз дар Куриёи Шимолӣ зиёд шудааст. Айни замон қарор аст, Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико дар оғози сафари 10-рӯзааш ба кишварҳои Осиёву Уқёнусия шоми 16-уми апрел ба Куриёи Ҷанубӣ ворид шавад.

Дастёрони ӯ мегӯянд, ки боздид, аломати пуштибонии Амрико аз Сеул дар баробари авҷ гирифтани танишҳо бо Куриёи Шимолӣ аст.

XS
SM
MD
LG