Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳодур Миралибеков беҳтарин ҳунарманди Осиёи Марказӣ шуд


Баҳодур Миралибеков
Баҳодур Миралибеков

Баҳодур Миралибеков – коргардон ва ҳунарманди тоҷик – дар Қирғизистон барандаи ҷоизаи “ҳунарманди беҳтарини Осиёи Марказӣ” шуд. Ин ҷоизаро ба Миралибеков рӯзи 14 апрел дар маросими тақдими Ҷоизаҳои миллии синамои “Оқ Илбирс” дар шаҳри Бишкек супурдаанд.

Баҳодур Миралибеков ин ҷоизаро барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Хоби маймун”-и Румӣ Шоазимов гирифтааст. Ҷоизаи ҳунарманди беҳтарини минтақа дар миёни занонро Фирӯза Саидова барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Мушахассоти тирамоҳ”-и сохти Узбакистон ба худ ихтисос дод. Аммо беҳтарин филми Осиёи Марказӣ филми “Роҳ ба сӯи модар”-и коргардони қазоқ Акан Сатаев дониста шуд.

Румӣ Шоазимови 24-сола филми “Хоби маймун”-ро соли 2016 аз рӯи асари нависандаи англис Уилям Ҷейкобс “Дасти маймунӣ” наворбардорӣ кардааст. Дар ин филм дар бораи дасти мӯъҷизаофаре қисса мешавад, ки се хостаи соҳибашро иҷро мекунад, вале бар ивази иҷрои ҳар як хоста як ҷузъи азизи соҳибашро мегирад.

Ин даст аз қаҳрамони филм писарашро мегирад. Паёми ин филм аз он иборат аст, ки агар хостӣ сарнавишти худро тағйир диҳӣ, бояд барояш ҷуброн бипардозӣ. Нахустнамоиши ҷаҳонии ин филм соли гузашта дар ҷашнвораи синамои “Гӯшаи ҷаҳон” дар нимҷазираи Сахалин сурат гирифта буд.

Дар нақши асосӣ дар баробари Баҳодур Миралибеков, Зулфия Содиқова низ бозӣ кардааст. “Оқ Илбирс” ҷашнвораи ҳамасола дар Қирғизистон аст, ки барандагонаш бо ҳайкалчаи махсус сарфароз мешаванд. Ин ҷоизаи миллӣ соли 2012 аз сӯи гурӯҳи филмсозони саршинос таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG