Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачев: Ҷанги сард метавонад ба ҷанги гарм табдил шавад


Михаил Горбачев
Михаил Горбачев

Михаил Горбачев – раҳбари охирини Шӯравии собиқ – аз Ғарб хост, ки “эътимодсозӣ бо Русияро эҳё кунад” ва ҳушдор дод, ки ду ҷиноҳи рақиб ба самти як ҷанги дигари сард дар ҳаракатанд. Горбачев рӯзи 14 апрел дар суҳбат бо нашрияи “Bild”-и Олмон гуфтааст, нишонаҳои ҷанги сард аллакай дида мешавад ва “лаҳни мансабдорону афроди баландрутбаи низомӣ низ душманона шудааст”. Ӯ афзудааст, “равобит миёни қудратҳои бузург бадтар гардида ва мусобиқаи таслиҳотӣ миёни Русияву Ғарб оғоз ёфтааст”. Ба қавли раҳбари охирини Шӯравӣ, ин эҳтимол нест, балки дар баъзе ҷойҳо амалан дида мешавад: “Сарбозон бо аслиҳаи сангин, аз ҷумла тонку зиреҳпӯшҳо дар Аврупо дар ҳаракатанд”. Чанд сол қабл нирӯҳои НАТО ва Русия дар фосилаи нисбатан дуртар аз якдигар ҷой гирифта буданд, аммо феълан рӯ ба рӯи ҳам қарор доранд. Ба қавли Михаил Горбачёв, агар ду тараф барои ҷилавгирӣ аз ҷанги сарди нав кӯшиш накунанд, рухдоди ҳар чиз имконпазир ҳаст ва, ба бовари ӯ, ин ҷанги сард метавонад ба ҷанги гарм табдил шавад.

XS
SM
MD
LG