Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ Амрикоро бо ҳамлаи пешгиранда таҳдид кард


Санҷиши мушаки болдор дар Кореяи Шимолӣ
Санҷиши мушаки болдор дар Кореяи Шимолӣ

Кореяи Шимолӣ омодааст, бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориди низои низомӣ шавад. Дар ин бора ноиби вазири умури хориҷии он кишвар Хан Сон Рёл дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press рӯзи 14 апрел изҳорот дод. Ба гуфтаи ин мақомдор, қудрати ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба андозаи кофӣ мустаҳкам аст, ки ва метавонад ба Иёлоти Муттаҳида ҳамлаи пешгиранда ворид кунад.

Рӯзи панҷшанбе хабаргузориҳо навиштанд, ки ба хотири пешгирӣ аз санҷиши ҳастаии навбатӣ, Вашингтон эҳтимоли зарба ба Кореяи Шимолиро баррасӣ мекунад. Рӯзи 15 апрел дар ин кишвар рӯзи таваллуди асосгузори Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен таҷлил мешавад. Санҷиши мушаки навбатӣ метавонад ба ин сана бахшида шавад.

Дуртар аз тамрингоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ, Амрико ду киштии ҳавопаймобари ҳомили мушакҳои "Томагафк"-ро ҷойгир кардааст. Дар сурати зарурат Пентагон метавонад аз бомбапартобҳои сангин, ки дар ҷазираи Гум, воқеъ дар Уқёнуси Ором, мустақар шудаанд, кор бигирад.

12 апрел президенти Амрико Доналд Трамп стратегияи ҷилавгирӣ аз Кореяи Шимолиро тасдиқ кард, ки дар он чораҳои иқтисодӣ ва дипломатӣ зикр шуда, аммо дар бораи дахолати низомӣ чизе гуфта нашудааст. Аз сӯи дигар, ҳафтаи гузашта шабакаи телевизионии NBC гуфт, Шӯрои амнияти миллӣ ба Трамп машварат додааст, ки ба Кореяи Шимолӣ гурӯҳи харобкор бифиристад ва дар Кореяи Ҷанубӣ силоҳи ҳаставӣ ҷойгир кунад.

XS
SM
MD
LG