Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасани Рӯҳонӣ барои ширкат дар интихобот сабти ном кард


Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури феълии Эрон, барои ширкат дар интихоботи ояндаи президентӣ, ки рӯзи 19 май баргузор мешавад, сабти ном кардааст.

Ба иттилои ИРНА - хабаргузории расмии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 14 апрел ба Ситоди интихоботӣ дар Вазорати умури дохилии он кишвар ҳозир шуд ва худро барои ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ сабти ном кард. Ҳасани Рӯҳонӣ номзади ҷиноҳи ислоҳталабон дар интихобот мебошад.

Ӯ дар тобистони соли 2013 раиси ҷумҳури Эрон интихоб шудааст. Бар асоси қонуни интихоботӣ дар Эрон, як нафар ҳақ дорад то ду бор (чаҳорсолӣ) пайдарпай раиси ҷумҳур шавад.

Сабти номи номзадҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ рӯзи 11 апрел оғоз шуда ва то 15 апрел идома мекунад. То кунун беш аз 400 нафар сабти ном кардаанд. Раиси ҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ барои ширкат дар ин интихобот худро сабти ном кардааст.

XS
SM
MD
LG