Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз иштирок дар "Евровидение - 2017" расман даст кашид


Овозхони рус Юлия Самойлова
Овозхони рус Юлия Самойлова

Созмондиҳандаи сабқати "Евровидение" - Иттиҳоди радио ва телевизиони аврупоӣ гуфт, ки Русия наметавонад дар ин сабқати байналмилалӣ иштирок кунад.

Дар изҳороти расмии иттиҳод рӯзи 14 апрел гуфта мешавад, ки баъди тасдиқ шудани манъи вуруди Юлия Самойлова ба Украина, ин ниҳод ба Маскав ду роҳи дигарро пешниҳод кард. Роҳи аввал - иштирок дар сабқат аз фосила ва роҳи дувум - интихоби номзади дигар.

"Шабакаи аввали телевизиони Русия ҳарду пешниҳодро рад кард. Ин ба маъноест, ки Русия дигар наметавонад дар "Евровидение" иштирок кунад", - омадааст дар изҳороти созмондиҳандаи сабқат.

Русия барои иштирок дар сабқати байналмилалӣ Юлия Самойловаро бо таронаи "Flame is burning" интихоб карда буд. Самойлова аз даврони кудакӣ бо сандалӣ (ароба)-и маъюбӣ ҳаракат мекунад.

Рӯзи 22 март Хадамоти амнияти Украина бо сабаби ҳунарнамоии соли 2015-и Самойлова дар Қрим, ҷазираи ишғолшуда аз тарафи Русия, вуруди ӯро ба кишвар манъ кард. Созмондиҳандагони сабқат гуфтанд, ки ин қарори Украина онҳоро ноумед намуд. Кремл ин қарорро сиёсӣ номидааст.

XS
SM
MD
LG