Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди танқидҳои Мирзиёев рӯзи кории милиса ба 14 соат расид


Баъди онки рӯзи 11 апрел президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев кори ниҳодҳои интизомии кишварашро танқид кард, бо дастури вазири корҳои дохилӣ рӯзи кории кормандони пулис 14 соат муқаррар шуд. Дар ин бора манбаъҳое дар ниҳодҳои умури дохилӣ хабар додаанд.

Чанде аз кормандони ниҳодҳои умури дохилии Узбакистон мегӯянд, акнун на то соати 9-и шом, балки то 11-и шаб кор мекунанд, зеро баъд аз эътирози президент аз шеваи кори милиса чунин фармон шудааст. “Дар баъзе маврид мо маҷбурем, то соати 2-и шаб низ сари кор бошем. Чунин ҳолат пештар ҳам мешуд, вале ҳаррӯза набуд”, - мегӯяд як афсари пулис.

Бар пояи қонунҳои Узбакистон ҳафтаи корӣ набояд аз 40 соат бештар бошад. Соати корӣ барои онҳое, ки шаш рӯзи ҳафта кор мекунанд, набояд аз 7 ва агар панҷ рӯз кор мекунанд, аз 8 соат бештар бошад.

Ба гуфтаи кормандони дафтари матбуоти ВКД Узбакистон, бархе аз кормандон пас аз итмоми соати корияшон бо хоҳиши худ корро идома медиҳанд, вале гоҳе зарур меояд, дар коргоҳ бимонанд ва чунин мавридҳо дар қарордоди кор зикр шудаанд. Вале онҳо афзуданд, ба ҳеч кас дастур нашудааст, ки то соати 11-и шаб кор кунад.

XS
SM
MD
LG