Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико алайҳи ДИИШ дар Афғонистон "модари бомба"-ҳоро истифода кард


Амрико қавитарин бобмаи ғайриҳастаӣ, маъруф ба номи "модари бомба"-ҳоро дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон, истифода кардааст. Вазорати дифои Амрико гуфт, ки бомбаи “GBU-43” соати 7-у 32 дақиқаи шоми 13 апрел дар вулусволии Очин, дар наздикии марз бо Покистон, ғору туннелҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ҳадаф қарор дод. Шон Спайсер – сухангӯи Кохи Сафед – дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе гуфт, ин ғору туннелҳо аз тарафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” барои ҳамла ба мушовирони низомии Иёлоти Муттаҳида ва нирӯҳои Афғонистон истифода мешуданд. Вай афзуд, чораҳо барои ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён дар ин ҳамла андешида шуда буд. Ҳанӯз омори кушташудаҳо ва захмиёни эҳтимолии ин ҳамла маълум нест. Ин нахустин бор будааст, ки артиши Амрико аз ин навъи бомба кор мебарад. Ин бомба бори аввал соли 2003 озмоиш шуда, беш аз 10 тонна вазн дорад.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG